Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», Муҳаммад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи Санъо, таъкид кард: Таҷовуз бар зидди фурудгоҳи Санъо ба онон, ки фаромӯш кардаанд, хотиррасон кард, ки Арабистони Саудӣ бар баста мондани ин фурудгоҳ таъкид дорад. Риёз бо нашри баёния эълон мекунад, ки ҳадафаш муҳофизати ҳокимияти Яман аст.
Вай илова кард: Чӣ қадар рафторҳои Арабистони Саудӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дурӯғгӯӣ, кинаварзӣ ва таҷовуз, ба Исроил монанд аст. Пинҳон шудан дар паси баёнияҳои золимонаи Созмони Милали Муттаҳид, ки бар асоси муносибатҳои нафтӣ бо Арабистони Саудӣ содир мешаванд, наметавонад воқеи муҳосираи золимонаи Яманро пинҳон кунад. Арабистони Саудӣ дар паси ин муҳосираи золимона қарор дорад; кишвари мутаҷовизе, ки ҷанги 8-сола бар зидди Яман ба роҳ монд ва дар ниҳоят шикаст хӯрд, акнун ба денболи ҷуброни хисорот аст.
Абдуссалом тасреҳ кард: Он чизе, ки Арабистони Саудӣ бояд дар ин марҳила ба он таваҷҷӯҳ кунад, ин аст, ки бо иштибоҳи ҳисобӣ, худро ба душмани ошкори Яман табдил додааст. Исрор ва саркашии Арабистони Саудӣ ва худдорӣ аз пазируфтани ҳақиқат, оқибатҳои ҷиддӣ барои ин кишвар, амният ва иқтисоди он хоҳад дошт. Муҳосираи баҳрӣ аввалин қадам дар набарди «муҳосира дар баробари муҳосира» аст ва мардуми мо ҳуқуқи худро хоҳанд гирифт.
Your Comment